Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии “Хуҷанд” - “Равшан” мусовӣ шуд


Бозии даври нӯҳуми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои “Хуҷанд”-и Хуҷанд ва “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 1:1 поён ёфт.

Ин бозӣ 17-уми май дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолият”-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.

Индус Ҳусейнов, ҳамлагари “Равшан”, дар нимаи дуввуми дидор, дар дақиқаи 61-ум, ҳисобро боз кард. Ин голи чаҳоруми Индус ҳисоб меёбад. Вале баъдан ӯ барои корти дуввуми зард аз ҷониби сардовари бозӣ Диловар Орзуев(ноҳияи Ҳисор) аз майдон хориҷ шуд.

Голи ҷавобиро Муҳаммад Уматқулов, легионери узбакистонӣ, дар замони изофӣ (90+6) ба самар расонд.

“Равшан” бо 20 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад. “Хуҷанд” бо 9 имтиёз дар зинаи ҳафтум ҷой гирифтааст.

Чаҳор бозии дигари даври 9-ум рӯзи 18-уми май барпо мегардад:

“Шодмон” (Ҳисор) - “Гвардия” (Душанбе)

“Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) - “Хайр” (Ваҳдат)

“Энергетик” (Душанбе) - ССКА "Помир" (Душанбе)

"Парвоз" (Бобоҷон Ғафуров) - "Вахш" (Қӯрғонтеппа)

Бозиҳо соати 17 шурӯъ мешаванд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:


Дастаҳо:

Б

Ғ

М

Б

Т

И


1. "Равшан"

9

6

2

1

15-5

20

2. "Истиқлол"

6

5

1

0

13-1

16

3. "Хайр"

6

4

2

0

10-2

14

4. ССКА “Помир”

6

4

0

2

12-7

12

5. "Регар-ТадАЗ"

7

4

0

3

14-10

12

6. “Энергетик”

7

3

1

3

9-10

10

7. "Хуҷанд"

8

2

3

3

6-14

9

8. "Шодмон"

8

2

1

5

10-14

7

9. “Гвардия”

7

1

2

4

6-14

5

10. "Вахш"

7

1

0

6

6-10

3

11. "Парвоз"

7

1

0

6

5-22

3

XS
SM
MD
LG