Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин эътирофи расмии ислом дар Молдова


Гӯшае аз шаҳри Кишинёв, пойтахти Молдова.
Гӯшае аз шаҳри Кишинёв, пойтахти Молдова.

Дар ростои интихоботи маҳаллии Молдова як мушкили ғайриодие саҳнаи сиёсии ин кишварро такон дод.

Насрониҳои православ ва коммунистҳои муҳофизакор як иқдоми эътилофи ҳокимро зери тозиёнаи танқид гирифтанд. Ин ҳукумати муштараки либеролҳо нахустин созмони ғайридавлатии мусулмонии Молдоваро расман сабти ном кард ва хашму ғазаби рақибонашро ба вуҷуд овард.
Давлатҳои араб нақшаи ба хубӣ тарҳрезишуда доранд, ки махфӣ аст ва мо содалавҳона онро нодида мегирем. Гумон накунед, ки ба Молдова фиристодани донишҷӯёни мусулмон як амри тасодуфист...


Масъала боз аз он лиҳоз ҷолиб аст, ки марзҳои таҳаммулпазири диниро дар кишвари аз лиҳози сиёсӣ тақсимшуда муайян мекунад.

МАРЗИ СОЗГОРӢ


Як хатти дигар дар харитаи сиёсии Молдова ҷудоии наверо намудор кард ва ҷомеаи кӯчаки муслмонони Молдова ғайриинтизор худро дар маркази баҳси оташине дарёфт.

Ин баҳс замоне сар шуд, ки моҳи гузашта Вазорати адлияи Молдова созмони “Лигаи исломӣ”, як ниҳоди кӯчаки ғайридавлатиро сабти ном кард. Ин ҷамъият аз соли 2008 ба ин сӯ ҷӯёи эътирофи расмии ҳукумат буд.

Исмоил Абдулваҳҳоб, зодаи Урдун, ки дар Кишинёв, пойтахти Молдова ба сар мебарад, гуфт, мусулмонони ин кишвар аз қарори ҳукумати ғарбгаро истиқбол карданд.

“Мо фаризаҳои динии худро пеш аз он ки онҳо моро номнавис кунанд, иҷро мекардем, аммо ҳисси хубе надоштем, ки бе ризоияти давлат ин корро мекунем. Акнун метавонем, озодона ҷамъ шавему намоз гузорем ва идҳои исломиро ҷашн гирем. Акнун худро бо ҳамаи шаҳрвандони Молдова баробарҳуқуқ ҳис мекунем.”

Намояндагони калисои православ аз тасмими ҳукумат шадидан норозӣ шуданд. Раҳбари ин калисо, исқуф Владимир ин тасмимро “таҳқир”-и кишваре номид, ки аксарияти аҳолияш насрониянд. Дигар намояндагони калисо гуфтанд, созмони мусулмонӣ дар Молдова “мушкилот ба бор хоҳад овард.”

МЕРОСИ КОММУНИСТӢ?


Раҳбари Ҳизби коммунист ва президенти пешини Молдова, Владимир Воронин, таъкид кард, ки Молдова ҳанӯз вақте ки як бахш аз
Владимир Воронин
салтанати Усмония буд, роҳ надод, дар қаламраваш масҷиде сохта шавад ва имрӯз ҳам бояд ин пойфишориро идома диҳад.

“Сабти номи ин гурӯҳ ду ҳафта пеш аз иди Пок, ки бузургтарин иди насронист, сабти номи дине, ки комилан зидди дини мост, чизе бештар аз тааҷҷубро ба вуҷуд меорад. Ман ҳарфе барои тафсири он надорам.”

Раиси “Лигаи исломӣ” Сегю Сочирка гуфт, вай аз чунин вокунишҳо дилсард шудааст. Вай ба Радиои Озодӣ гуфт, солҳост, мусулмонҳо дар Молдова бо фишор ва таъқиб рӯбарӯянд.

“Ҳар намози ҷумъа дар даромадгоҳи маркази фарҳангии мо кормандони полис пайдо мешаванд. Онҳо мехоҳанд, бидонанд, ки дақиқан киҳо ба намоз меоянд ва мераванд. Онҳо номгӯе тартиб дода, ба хадамоти ҷосусӣ супурдаанд, ки ба назари мо маъное надорад. Додситонҳо шахсан маро ба иҷрои оинҳои дине айбдор карданд, ки дар Молдова мамнӯъст.”

Питер Прутену, профессори Академияи фиқҳи насронӣ дар Кишинёв сабаби мухолифати калисоро ба сабти номи созмони мусулмонон ин гуна шарҳ медиҳад:

“Нигаронии аввал ин аст, ки ягона роҳи берун шудан аз дини ислом марг аст. Ҳарчанд расмӣ нест, аммо амалан касе ки дини худро иваз мекунад, дар ислом маҳкум ба марг мешавад. Ва агар ин далел кофӣ нест, далелҳои дигар дорем. Давлатҳои араб нақшаи ба хубӣ тарҳрезишуда доранд, ки махфӣ аст ва мо содалавҳона онро нодида мегирем. Гумон накунед, ки ба Молдова фиристодани донишҷӯёни мусулмон як амри тасодуфист. Аввалин кори онҳо издивоҷ бо хонумҳои насронист, ки маҷбур хоҳанд буд, исломро қабул кунанд.”

Вазири пешини адлия, Александру Танасе, ки асноди “Лигаи исломӣ”-ро тасвиб кард ва акнун ба кори дигар гузашта, узви Додгоҳи қонуни асосии Молдова шудааст, мегӯяд, сарпечӣ аз эътирофи ҳузури мусулмонон ягон асос ё далел надорад.

“Ислом секта нест. Ин яке аз динҳои ҷаҳонист. Дар дунё кишваре нест, ки
Александру Танасе
ҳуқуқи мусулмононро эътироф накарда бошад. Сарқонуни кишвари мо озодии динро ба ҳама кафолат додааст. Одамоне, ки асноди мазкурро ба Вазорати адлия пешниҳод карданд, тамоми талаботи қонуниро ба ҷо оварданд.”


ТЕЪДОДИ МУСУЛМОНОН


Ба иллати фишорҳои гузашта, ҳатто шумораи мусулмонон дар Молдова рӯшан нест. Гуфта мешавад, тақрибан 2 ҳазор мусулмон дар кшваре бо аҳолии 3,4 миллион нафар сабти ном шудаанд. Аммо “Лигаи исломӣ” шумораи воқеии пайравони ислом дар Молдоваро 17 ҳазор нафар мегӯяд.

“Вақте ки ману ҳамсарам барои шиносномаҳои нав ариза додем ва мехостем, дар бахши дин “мусулмон” навишта шавад, он ҷо моро аллакай “насронӣ” нависонда буданд. Ман ба полис гуфтам, мо мусулмонем, аслан гӯш накард. Ба мо гуфтанд, он ҷо “мусулмон” навишта наметавонем ва ҳама бояд “насронӣ” навишта шаванд, гап тамом.”

Оянда низ барои мусулмонон дар кишваре, ки байни коммунистони муҳофизакор ва либералҳои ғарбгаро тақсим шудааст, осон ба назар намерасад. Аммо сарони “Лигаи исломӣ” аз эътирофи расмии худ қонеъанд ва мегӯянд, акнун хоҳанд тавонист, масҷиди хешро бунёд кунанд.
XS
SM
MD
LG