Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди 4 рӯзаи нахуствазири Покистон аз Чин шурӯъ шуд


Юсуф Ризо Гилонӣ ва Вен Жибао

Юсуф Ризо Гилонӣ ва Вен Жибао

Имрӯз Юсуф Ризо Гилонӣ-нахуствазири Покистон вориди Пекин-пойтахти Чин шуд. Боздиди чаҳоррӯзаи Гилонӣ аз Чин дар ҳоле анҷом мегирад, ки муносиботи миёни Покистону Амрико бар сари куштори Усома Бен Лоден сард шудааст. Ин боздид бахше аз маросимҳои таҷлил аз 60-ӯмин солгарди барқарории муносиботи дипломатии миёни ду кишвар арзёбӣ мешавад. Чин қавл додааст, ки дар зарфи 5 соли оянда дар Покистон бештар аз 30 миллиард доллар сармоягузорӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG