Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои Расулов манъи сафар ба хориҷ лағв шуд


Муҳаммад Расулов
Муҳаммад Расулов
Вакили мудофеи Муҳаммад Расулов-синамогари маҳкумшудаи Эрон мегӯяд, мақомоти Эрон барои муваккили вай манъи сафар ба хориҷро барҳам додаанд. Моҳи декабр додгоҳ Расулов ва Ҷаъфар Паноҳӣ-коргардони машҳури синамои Эронро ба шаш соли ҳабс маҳкум кард. Ба Расулов то 20 соли дигар иҷоза намедиҳанд, ки бо филмсозӣ машғул шавад. Аммо Имон Мирзозода-вакили мудофеъ гуфт, вай таъйиди расмӣ дарёфт кардааст, ки манъи иҷозаи хуруҷи Расуловро Эрон аз миён бардоштааст.
XS
SM
MD
LG