Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мудири СБП-ро дар Амрико ба зиндони Рикерз бурданд


Даромадгоҳи зиндони Рикерз дар Нию Йорк
Даромадгоҳи зиндони Рикерз дар Нию Йорк
Доминик Страусс Кан -мудири Сандуқи Байналмиллалии Пул ба як зиндони камэътибор дар Нию Йорк интиқол дода шуд. Иттиҳоми вай талоши таҷовуз ба номуси як духтари пешхидмат дар меҳмонсаро будааст. Страусс Кан 62 сол дорад ва вай рӯзи душанбе замоне ба зиндони Исланд Рикерз интиқол дода шуд, ки аз қозии додгоҳ хост, то вайро бо васиқа аз банд раҳо кунанд. Қозии додгоҳ дархости вайро рад кард. Зиндони Исланд Рикерз дар солҳи 1930 сохта шудааст ва ҳоло дар он ҷо ҳудуди 11 000 зиндонӣ нигаҳдорӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG