Пайвандҳои дастрасӣ

Инфиҷори интиҳории Қазоқистон террористӣ набудааст


Мақомоти расмии Қазоқистон мегӯянд, ки як бамгузори интиҳорӣ худро дар назди бинои минтақавии хадамоти амниятии Қазоқистон дар шаҳри Оқтеппа ё Актюбе мунфаҷир сохтааст ва 2 нафар дар ин ҳодиса маҷрӯҳ шудаанд. Жандос Умаралиев-сухангӯи додситонии кулли Қазоқистон гуфт, ки ин инфиҷор амали террористӣ нест ва бамгузори интиҳорӣ бо номи Раҳимҷон Маҳатов-узви як гурӯҳи ҷиноӣ будааст.

“Маҳатов бами дастсохти заифро истифода кардааст. Ду нафаре, ки дар паҳлӯи вай қарор доштанд, ҷароҳатҳои сабук бардоштаанд. Онҳо ёрии тиббӣ гирифтаанд”.

Бори нахуст дар Қазоқистон инфиҷори интиҳорӣ рух додааст.
XS
SM
MD
LG