Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди маликаи Британия аз Ирландия шурӯъ шуд


Тадбирҳои шадиди амниятӣ дар Дублин
Тадбирҳои шадиди амниятӣ дар Дублин
Имрӯз боздиди давлатии Элизабет-маликаи Британия аз Ирландия шурӯъ шуд. Аз соли 1921, яъне аз замони ба даст овардани истиқлолияти Ирландия ин нахустин боздиди раҳбари шоҳигарии Британия аз ин кишвар аст. Дар давоми боздиди чаҳоррӯзаи малика дар Ирландия тадобири шадиди амниятӣ рӯи даст гирифта мешавад. 8 500 нафар кормандони полис барои ҳимояти Элизабет ва шоҳзода Филип-шавҳари вай сафарбар шудаанд. Миллатгароёни норозии Ирландия аз боздиди малика хушҳол нестанд. Полиси Ирландия гуфт, ки шабона як бами дастсохтро дар наздикии Дублин пайдо ва хунсо кардаанд.
XS
SM
MD
LG