Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

3 тоҷик низ дар сӯхторе дар Маскав кушта шудаанд


Дар сӯхторе дар як бинои кӯҳна дар шаҳри Маскав 7 нафар кушта шудаанд. Кормандони умури изтирории Маскав гуфтаанд, ки ин сӯхтор дар натиҷаи истифодаи нодуруст аз таҷҳизоти барқӣ сар задааст. 5 нафари дигар аз сӯхтор осеб дидаанд. Кормандони сӯхторнишонӣ 20 нафари дигарро аз бино берун овардаанд. Шоҳин Самадов-сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав гуфт:

“Се нафараш шаҳрванди Тоҷикистон будаанд. Маҳмадов Қурбоналӣ аз ноҳияи Ҷаббор Расулов, дуюмаш Саиднаимов Алихон Азизшоевич аз ноҳияи Шуғнон ва севвумӣ Саиднимов Наимшо Алишерович аз ноҳияи Шуғнон. Шахсияти чаҳор нафари муаян мешавад”.

Бино ба хабарҳо, дар ин бинои кӯҳна муҳоҷирони кории Тоҷикистон бо оилаҳои худ зиндагӣ мекардаанд. Хадамоти муҳоҷиратии Русия иқомати қонунии ин муҳоҷиронро тафтиш мекунанд.
XS
SM
MD
LG