Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи парванда алайҳи як пулис дар робита ба марги Сангов


Сафаралӣ Сангов ҳангоми дар беморхонаи Қарияи Боло буданаш
Сафаралӣ Сангов ҳангоми дар беморхонаи Қарияи Боло буданаш

Мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯянд, дар пайи таҳқиқи марги Сафаралӣ Сангов, сокини 37-солаи шаҳри Душанбе, алайҳи як корманди пулис парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Саидаҳмад Ҷамолов, як масъули Додситонии кулли Тоҷикистон ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтааст, ин корманди пулис бар асоси моддаи 316, қисми 3-и Кодекси ҷиноӣ, яъне "баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ", муттаҳам мешавад.

Ҷаноби Ҷамолов ба далели халал ворид нашудан ба таҳқиқи қазия, аз ироаи ҷузъиёт худдорӣ варзидааст.

Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон
Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз дар оғози моҳи апрели соли ҷорӣ, Шерхон Салимзода, додситони кулл, гуфта буд, ки ниҳодаш қазияи марги Сафаралӣ Санговро пайгирӣ дорад: “Нисбат ба ҳодисаи Сафаралӣ Сангов аз ҷониби додситонии ноҳияи Сино парванда оғоз гардида ва мавриди тафтиш қарор дошт. Бо назардошти таъмини тафтиши пурраи холисонаи парвандаи ҷиноятӣ, тибқи дастури додситони кулл ҳанӯз ҳам парванда аз додситони ноҳияи Сино гирифта шуда ба ихтиёри додситони шаҳри Душанбе супорида шуд. Тафтиши парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби додситони шаҳрӣ бо аломатҳои ҷиноятии баромадан аз ҳади ваколати хидматӣ ва хунукназариӣ ҷой дорад.”

Сафаралӣ Сангов, як сокини 37-солаи шаҳри Душанбе, рӯзи якуми марти соли ҷорӣ аз сӯи маъмурони пулиси "Сино-1"-и шаҳри Душанбе дар манзили зисташ боздошт ва ба гуфтаи хонаводааш мавриди латукӯби онҳо қарор гирифтааст.

Сарвиноз Сангова, ҳамсари марҳум Сафаралӣ Сангов
Сарвиноз Сангова, ҳамсари Сафаралӣ Сангов мегӯяд, баъд аз ин ҳамсари ӯро ба бемористони Қарияи Боло бурданд, ки пас аз чаҳор рӯзи дар он ҷо буданаш аз дунё даргузашт.

Ба гуфтаи Сарвиноз, боздошти ҳамсари ӯ бе ҳузури шоҳидон ва далели шайъӣ сурат гирифтааст.

Бо ин ҳол, Додситонии кулл аз ифтитоҳи парванда алайҳи як корманди пулис дар робита ба марги Сафаралӣ Сангов хабар медиҳад, ки қаблан Вазорати умури дохилӣ даст доштани кормандонаш дар ин қазияро ба шиддат радд мекард.

Ин вазорат борҳо гуфтааст, ки Сафаралӣ Сангов ба далели доштани маводи нашъадор боздошт шуда, гӯё хостааст, худро аз ошёнаи дуввуми идораи пулиси Сино ба зер партояд.

Мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯянд, танҳо дар соли гузашта бино бар даст доштан дар ҷиноёти мухталиф, 13 корманди пулис боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.
XS
SM
MD
LG