Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия аз Либия хост, ки қатъномаи СММ риоят кунад


Сергей Лавров
Сергей Лавров
Русия аз Либия дархост кард, ки бар зидди шаҳрвандон аз ниру кор нагирад. Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷии Русия бо намояндагони Муаммар Қаззофӣ-раҳбари Либия дар Маскав мулоқот кард. Вай баъд аз ин мулоқот гуфт, аз Либия хостааст, ки қатъномаи СММ-ро комилан роият кунад.

“Мо масъалаи барои раҳбарони Либия заруриро ба миён ниҳодем, то онҳо ҳадафҳои худро хеле рӯшан баён кунанд ва ба иҷрои комили қатъномаҳои Шӯрои Амният шурӯъ намоянд. Ин қатъномаҳо қатъи ҳар гуна истифода аз ниру алайҳи шаҳрвандонро тақозо мекунад”.

Лавров гуфт, Русия умедвор аст, ки дар ояндаи наздик намояндагони шӯришиёни Либияро низ ба ҳузур хоҳад пазируфт.
XS
SM
MD
LG