Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилони Рӯшон аз интихобкунандагон шикоят карданд


Даҳ вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯшон аз болои гурӯҳе аз интихобкунандагонашон ба додгоҳ шикоят бурдааанд.

Вакилон дар аризаи даъвогии худ талаб кардаанд, сокиноне, ки онҳоро дар аризае унвони мақомоти гуногун «таҳқир ва тӯҳмат» намудаанд, 1 миллион сомонӣ ҷуброн пардохт кунанд.

Сокинони маҳаллӣ, ин вакилони маҷлиси маҳаллиро, ки инчунин дар мансабҳои гуногун фаъолият мекунанд, дар номае унвони додситонӣ ва ҳукумати вилоят, дар боло бурдани қиммати нерӯи барқ ва барзиёд ҷамъоварӣ намудани маблағи он гунаҳкор донистаанд. Онҳо дархост кардаанд, ки вакилон бозхонд шаванд, зеро онҳо аз манфиати мардуми оддӣ, аз ҷумла интихобкунандагон ҳимоят намекунанд.

Аммо вакилон, ин ҳамаро тӯҳмат дониста интихобкунандагони худро ба додгоҳ кашидаанд. Сергей Романов, раҳбари созмони ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқ» дар Тоҷикистон мегӯяд, бо муроҷиати сокинон тасмим доранд, то ба онҳо кӯмаки ҳуқуқӣ расонанд.

Ӯ мегӯяд: «Бори аввал аст, шоҳиди он мегардам, ки вакилон интихобкунандагони худро ба додгоҳ мекашанд. Дар ҳоле, ки бояд вакилон ҳамеша аз ҳуқуқи интихобкунандагони худ дифоъ кунанд. Аммо ба додгоҳ муроҷиат кардан ҳаққи ҳар як шаҳрванд аст. Кӣ ҳақу кӣ ноҳақ буданро ҳам додгоҳ муайян мекунад, ҳарчанд мо кӯмаки ҳуқуқии хешро аз муроҷиаткунандагон дареғ намедорем.»

Аксари вакилони Маҷлисҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон мансабдорони ҳамон шаҳру навоҳӣ ба ҳисоб мераванд ва бештари онҳо аъзои Ҳизби халқи-демократӣ ҳастанд. Вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ низ аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ бархӯрдоранд.
XS
SM
MD
LG