Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Алмаато ҳамоиши серӯза роҷеъ ба Роғун шурӯъ шуд


Имрӯз дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон машваратҳои серӯза роҷеъ ба сохтмони ниругоҳи барқи обии Роғун шурӯъ шуд. Дар он намояндагони ҳукуматҳои кишварҳои ҳавзаи рудхонаи Ому, яъне Қазоқистону Қирғизистон, Тоҷикистону Туркманистон ва Узбакистону Афғонистон ширкат доранд. Бино ба гузориши “Азия-Плюс”, дар ин ҳамоиш сарпарастии ҳайати Тоҷикистонро Асадулло Ғуломов-муовини аввали нахуствазир бар ӯҳда дорад. Намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ дар ин машваратҳо ҳузур доранд. Бонки Ҷаҳонӣ коршиносони байналмиллалиро барои омӯзиши шароит ва имконоти сохтмони ниругоҳ ҷалб карда буд ва дар ин ҳамоиш натиҷаҳои кори онҳо баррасӣ мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG