Пайвандҳои дастрасӣ

Агар шумо зодагони СССР хастед


Аз он замонхо чарогаки худсохт ба ёдам омад. Он вактхо дар магозахо батареяи чоркунча фурухта мешуд. Хато накунам 17 тин арзиш дошт.

Мо бачагон онро мехаридему чарогакро ба воситаи симча васл мекардем. Шабона онро истифода мебурдему фахр мекардем, ки махсули мехнати худамон аст. Ва боз мо худамон телефон месохтем: ду куттии холии гугирдро бо ришта пайваста аз масофаи 10-15 метр бо хам гуфтугу мекардем. Аслан ба воситаи ришта садое намеомад, аммо мо худро бовар мекунондем, ки меояд. Зеро чораи дигар надоштем, мисли хозира барои телефонхои бачагона барои бози вучуд надоштанд.

Ба гумони ман он вактхо хурок маззаи дигар дошт, хама чиз хакики ва болаззат буд. Хусусан мухашшари бирёни 10- тина ва ё мухашшари бирёни беканди 8- тина, яхмосхои ботамъи навъи «Эскимо»- и 20- тина, канди « Ирис»- и истехсоли Душанбе ачаб лаззати нотакроре доштанд.

Аз сакичхо факат як навъи «Турбо» фурухта мешуд, мо бачагон яктои онро хафтахои дароз хоида мегаштем. Ман кулчахои болаззати 3- тинаро хам дар хотир дорам, мо баъди мактаб ба магоза даромада яктоги мехаридем ва то хона онро тановул мекардем, лаззати гуворои он кулчахоро хеч фаромуш намекунам.

Даврон Мамадчонов
davron68@mail.ru
Тотористон
XS
SM
MD
LG