Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар сӯхторе дар Маскав 7 нафар кушта шуданд


Бино ба хабарҳо аз Русия, дар сӯхторе дар як бинои кӯҳна дар шаҳри Маскав 7 нафар кушта шудаанд. Кормандони умури изтирории Маскав гуфтаанд, ки ин сӯхтор дар натиҷаи истифодаи нодуруст аз таҷҳизоти барқӣ сар задааст. 5 нафари дигар аз сӯхтор осеб дидаанд. Кормандони сӯхторнишонӣ 20 нафари дигарро аз бино берун овардаанд. Бино ба хабарҳо, дар ин бинои кӯҳна муҳоҷирони кории Тоҷикистон бо оилаҳои худ зиндагӣ мекардаанд. Хадамоти муҳоҷиратии Русия иқомати қонунии ин муҳоҷиронро тафтиш мекунанд. Дар бораи шахсияти кушташудагон маълумот нашр нашудааст.
XS
SM
MD
LG