Пайвандҳои дастрасӣ

Грег Мортенсон ва "Се пиёла чой"-и ӯ


Грег Мортенсон, муаллифи китоби "Се пиёла чой", бо ҳамроҳии толибилмон дар минтақаи Кашмири Озод

Грег Мортенсон, муаллифи китоби "Се пиёла чой", бо ҳамроҳии толибилмон дар минтақаи Кашмири Озод

Муаллифи китоби “Се пиёла чой”, Грег Мортенсон, ҳоло зери интиқодҳои шадиде мондааст, ки марбут ба тақаллуб аст.

Дар ин бора чанде пеш як барномаи вижаи таҳқиқотии телевизиони Амрико гузориш дод.
Ин иттиҳомот хеле шабеҳ ба онҳоеанд, ки мегӯянд, бо вуҷуди нияту талошҳои неки Мортенсон дар амри ҷалби атфоли манотиқи дурафтодаи Покистону Афғонистон ба таҳсил, низоми мудирияти Пажӯҳишгоҳи Осиёи Марказӣ хеле ноқис буда худи ӯ тавони назорат аз ташаббусҳояшро дар маҳалҳо надорад...


Вале оё вазъи воқеӣ дар минтақае, ки ӯ чанд сол пеш дар китобаш тасвир кардааст, чӣ гуна аст?

Грег Мортенсон, муаллифи китоби "Се пиёла чой"-ро шояд имрӯз назар ба баъзе аз манотиқи кӯҳии Покистон, ки мегӯяд он ҷо мактабҳои зиёд бунёд кардааст, дар ИМА беҳтар мешиносанд. Сокинони маҳаллӣ назар ба мактаб, дар бораи созмони хайрияи ӯ - Пажӯҳишгоҳи Осиёи Марказӣ огаҳии бештар доранд.

МУШОҲИДАҲОИ ХАБАРНИГОРИ "ОЗОДӢ"


Сафари хабарнигори радиои "Озодӣ" ба манотиқи дурдасти шимолу ғарби ин кишвар, ки дар марз бо Тоҷикистон ва Чин воқеъ аст, собит кард, ки дар ин маҳал воқеан ҳам мактабҳои бунёдкардаи ин одам қарор дошта дар низоми маъмулӣ кори худро идома медиҳанд.

Моҳи апрел як гузориши таҳқиқотии телевизиони амрикоӣ иддао дошт, ки созмони хайрияи Мортенсон дар тақаллубу фиребгарӣ олуда шудааст. Дар барномаи телевизиони “CBS News” дар нақли қавл аз як созмони ғайридавлатӣ гуфта шуд, ки ин пажӯҳишгоҳ пули зиёдро на ба сохтмони мактабҳо, балки барои таблиғоти худ дар ИМА сарф мекунад.

Грег Мортенсон
Аз ҷумла, дар яке аз барномаҳои ин телевизион гуфта шуд, ки иддаои Пажӯҳишгоҳи Осиёи Марказӣ дар бораи он, ки гӯё дар қаламрави Покистон ва Афғонистон 141 мактаб бунёд ва ё ба онҳо кӯмакҳо кардааст, аз воқеият дур буда, боздид аз 30 мактаб нишон дод, ки кори танҳо нисфи онҳо хуб ба роҳ монда шуда, нисфи дигарашон холӣ буданд ва ё бо пули дигар ҷонибҳо сохта шуданд. Худи Грег Мортенсон ин иттиҳомотро рад мекунад.

МИНТАҚАИ ДУШВОРГУЗАР

Мегӯянд, ки маҳалли ҷойгиршавии мактабҳо дар гузоришҳои Мортенсон, ки шимоли Покистон ва манотиқи шимолу шарқи Афғонистон мебошанд, дар манотиқи душворгузар ҷойгир буда, аз ҳамин хотир барои хабарнигорон тасдиқ ё инкор кардани вуҷуди онҳо кори осон нест.

Водии Ишкомани Покистон, ки хабарнигори "Озодӣ" аз он дидан кард, як чунин минтақаи душворгузар ба шумор меравад. Барои расидан ба ин водӣ, кас бояд аз Исломбод 24 соат роҳро бо мошин тай карда, баъдан ба маҳалли хеле дурафтодаи мавзеи Гилгит-Балтистон бирасад. Ин минтақа аз ғарб бо вилояти Хайбар Пахтунхваи Покистон, дар шимол бо гузаргоҳи Вахон, дар шарқ бо Чин ва дар ҷанубу шарқ бо минтақаи Ҷому ва Кашмири зери назар Ҳинд ҳамсарҳад аст.

Ин ҷоро сокинони маҳаллӣ “Боми ҷаҳон” мегӯянд, ки нуқтаи тамоси якбора се минтақаи кӯҳии Ҳимолой, Қароқорум ва Ҳиндукуш ба ҳисоб меравад.

ГРЕГ МОРТЕНСОНРО КӢ МЕДОНАД?

"Вақте мо ба рустои маҳаллӣ наздик шудем, дар он ҳудудан 500 нафар ба сар мебаранд, аз мардум суол кардем, ки оё дар ин мавзеъ ҳеҷ мактаби бунёдкардаи Грег Мортенсонро медонед?"–мегӯяд хабарнигор. Як сокини ин маҳал Шавкат Алӣ бо тамоми вуҷудаш намоиш медиҳад, ки барояш ин исм ноошно буда исми садодода “хеле хориҷӣ” ба гӯш мерасад.

Саволи такрорӣ барои мушаххастар шудани мавзӯъ роҷеъ ба созмони Пажӯҳишгоҳи Осиёи Марказӣ буд ва ин навбат посухи он зуд садо дод: “Ман ду соли пеш дар бораи Пажӯҳишгоҳи Осиёи Марказӣ шунида будам, онҳо дар манотиқи мухталиф мактабҳо бунёд карда бо шароити хуб таъмин мекарданд. Онҳо омӯзгорони хубро ҷалб карда, кори хуберо ба роҳ мемонданд, ки ба манфиати ин минтақа будааст.”

Нависандаи амрикоӣ, Грег Мортенсон, бо ҳамроҳи мактаббачагон дар Покистон


Мактабе, ки мо дунболаш мегардем, каме поинтар аз ин маҳал, дар канори роҳ ҷойгир будааст. Ин мактаби миёна аз бетон сохта шуда, ҳафт синфхона дорад. Дар паҳлӯяш як боғчаи васеи барҳавое доштааст.

"ПЕШТАР ЧУНИН ИМКОНИЯТ НАБУД"

Давлат Алӣ, омӯзгори калони ин мактаб иттило дод, ки сохтмони ин муассиса соли 2001 бо гранти Иттиҳодияи Аврупо тавассути созмони Хадамоти маорифи Оғохон бунёд шуда, соли 2010 аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи Осиёи Марказӣ бо иловаи ду синфи болоии нав ба коллеҷ табдил шудааст. "Ин нахустин чунин мактаб дар минтақа мебошад",-гуфт Давлат Алӣ.

Аз назари толибилмон низ, ба ҳам овардани мактаб ва коллеҷ як навоварии ҷиддие дар низоми маорифи ин маҳалли дурдасте ба шумор меравад, ки пеш аз ҳама боис ба дилгарм шудани духтарҳо барои таҳсил дар мактаб гардидааст. Ҷаҳонбибӣ, ки барои таҳсил аз як рустои водии Ишкоман меояд, мегӯяд: "Хоҳарони мо тоза ба таҳсил ҷалб шуданд. Пеш чунин имконият вуҷуд надошт."



Аксар хонаводаҳои суннатии ин маҳал ҳамоно аз таҳсили духтаронашон дар мактаб хушҳол нестанд, вале гуфта мешавад, ки маҳз баста будани муҳит дар миёни намояндагони қавму қабилаҳои ба ҳам наздик, имкони таҳсили духтарҳоро дар ин мактаб бештар кардааст. Хонум Хайруннисо, омӯзори ин мактаб мегӯяд, духтарҳои дар таҳсил фаъол дар шароити хона ҳам омӯзиши худро идома медоданд, вале дигарҳо баъд аз хатми мактаби деҳа комилан аз хондан дур мешуданд.

ХАЙРИЯИ ГРЕГ МОРТЕНСОН

“Пеш аз ин мактаб, қариб ҳама шогирдон маҷбур буданд дар хона шинанду таҳсилро дар хона бо кӯмаки муаллимони кироя идома диҳанд. Баъдан онҳо барои имтиҳонсупорӣ ба мактабҳои хусусӣ муроҷиат мекарданд. Аммо ҳоло ҳамаи онҳо дар зери боми як мактаб гирди ҳам меоянд ва вазъ дигар шудааст”,-афзуд ӯ.

Ба қавли раиси мактаби миёнаи ин русто Шоҳ Раисхон, Пажӯҳишгоҳи Осиёи Марказӣ корашро хеле фаъолона идома медиҳад. Вай мегӯяд, ин созмони хайрия як лабораторияи компютерӣ таъсис дода пули таҳсили 15 донишҷӯро худаш пардохт мекунад. Ҳамчунин, ин муассисаи хайрия барои ҷалби дасти кам 100 донишҷӯи хонаводаҳои нодор пул сарф кардааст.

Хабарнигори радиои «Озодӣ» ба ҳамин тарз ба 10-километрии умқи водии Ишкоман рафта, аз мактабе дар деҳаи Маҷавир, баъдан 15 километр дуртар дар рустои Тишналут кори муассисаи таълимии ҳамсонеро дидан кардааст, ки бо кӯмаки Пажӯҳишгоҳи Осиёи Марказӣ фаъолият мекунад. Дар ин мактабҳо даҳҳо духтару писарҳои маҳаллӣ таҳсил карда, волидонашон боумед аз ояндаи бачаҳои худ сӯҳбат мекарданд.

Хабарнигор меафзояд, ки имкони боздид аз маҳалҳои дурдасттари водӣ хеле сахт буд, ба он хотир ки барои расидан ба баъзе аз ин маҳалҳо роҳ ҳафтаҳои дароз тӯл мекашид. Вале бино ба гузоришҳои бархе расонаҳои покистонӣ, аз ҷумла рӯзномаи “K2”, баъзе аз ҳамшарикони Мортенсон дар кори бунёди мактабҳо дар водии Ишкоман, мактаби қаблан бепуламалкунандаи пажӯҳишгоҳро азхуд карда, ҳоло аз хонандагон пул меситонад.

Радиои "Озодӣ" имкон наёфт, ки бетарафона иттиҳомоти марбутаро таҳқиқ кунад. Вале аз рӯи иттилои дарёфтӣ, ин иттиҳомот хеле шабеҳ ба онҳоеанд, ки мегӯянд, бо вуҷуди нияту талошҳои неки Мортенсон дар амри ҷалби атфоли манотиқи дурафтодаи Покистону Афғонистон ба таҳсил, низоми мудирияти Пажӯҳишгоҳи Осиёи Марказӣ хеле ноқис буда худи ӯ тавони назорат аз ташаббусҳояшро дар маҳалҳо надорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG