Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зангҳои тасодуфие, ки зиндагиро тағйир медиҳанд


Чидани рақамҳои телефони соҳибаш номаълум дар ду соли пеш зиндагии Сарвинозро комилан тағийр дод.

Ин занги телефонӣ ӯро бо ҷавоне шинос намуд, ки садҳо километр аз ӯ дур зиндагӣ мекард. Сарвиноз мегӯяд, рақамро тасодуфан дар телефонаш чида ва хоҳони идомаи сӯҳбат бо соҳиби ин телефон набуд, вале баъдан зангҳои
Духтару бачаҳои дурӯзаро мебинӣ дар даст телефон "дар куҷоӣ?", "дар куҷо вохӯрем?" гуфта дар кӯчаҳо мегарданд...
пай дар пай аз он сӯ ва сӯҳбатҳои нарми ҷавон ӯро моил ба идомаи сӯҳбат кардааст.

Пас аз шаш моҳи сӯҳбатҳои телефонӣ ва дидор бо ҳамдигар, ин ду ҷавон бо ризоияти наздикон бо ҳам ақди никоҳ бастаанд. Сарвиноз мегӯяд, як занги тасодуфии телефонии дар ниҳоят барояш бахт овард, аммо идомаи зиндагиаш на он тавре шуд, ки мехост.

Ӯ афзуд: "Дар телефон сӯҳбати мо ончуноне буд, ки тасаввур мекардам, зиндагии хубу хуш хоҳем дошт. Лек он тавр нашуд. Баъзан ҷангу ҷанҷол ва он ширинзабониҳои телефонӣ аз байн рафтааст. Ба ҳаминаш ҳам шукр."

АЗ ЧАШМ ДУРУ БА ГӮШ НАЗДИК

Ҳоло дар миёни аксар ҷавононписарон чидани рақамҳои ношинос ва ба ин восита пайдо кардани дӯстони нав аз миёни духтарон, як навъ мӯд шудааст. Аксари онҳо хоҳони сӯҳбатҳои ошиқона тариқи телефони мобилӣ ҳастанд. Аммо чидани на ҳамаи рақамҳои ношинос ба ҷонибҳо бахт меорад.

Зулайхо, як ҷавондухтари дигар мегӯяд, ба телефонии мобилиаш пайваста ҷавони ношиносе занг зада, хоҳиши шиносоӣ менамуд. Дар охир ӯ ба шиносоӣ ва сӯҳбатҳои телефонӣ розӣ мешавад, вале дӯстии онҳо дароз давом намекунад.

Вай мегӯяд: "Дар телефон хеле бачаи боодоб буд. Суханҳои хуб мегуфт. Ба вохӯрӣ даъват кард, ки агар бо ҳам маъқул шавем, издивоҷ мекунем. Чун аз наздик вохӯрдем, тамоман хислату рафтораш дигар будааст. Баъд аз ҳамин дигар рақамамро иваз кардам ва нахостам бо ӯ вохӯрам."

"МОМА МЕБАХШӢ"

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аслан ҷавононе бо телефон бахт ё маъшуқа меҷӯянд, ки шуғле надоранд. Самандар, як ҷавон иқрор кард, ки ҳангоми бекорӣ рақамҳои гуногунро пайи ҳам чидан мегирад, то замоне ки онро «нафари даркорӣ» набардорад.

Ӯ афзуд: "Дар вақти бекорӣ дигар кадом номере, ки пеш омад, хуш омад. Гоҳе телефонро ягон мард мебардорад, гоҳе зану кампиру муйсафед. Дар чунин ҳолатҳо баҳона тайёр аст: "Хола, амма, амакӣ, таға ё мома мебахшӣ, хато шуд." Агар ягон духтар бардошт баҳона кофта "шумо фалонӣ нестед?" гуфта мепурсем, бо ҳамин чақ-чақ сар мешавад. Аз миёни чор-панҷ духтар бахт омад кард, меёбем ягон нафар."

ДОМИ ФИРЕБ
Намояндагони мақомоти интизомӣ мегӯянд, борҳо ба онҳо аз ҷониби муштариёни ширкатҳои мобилӣ шикоят мерасад, ки афроди ношинос ба телефонии мобилии онҳо занг зада, онҳоро безобита мекунанд...


Дар ҷомеа садҳо нафар шоҳиди шиносоии муввафақ ё номуваффақи ҷавонон ба воситаи телефонии мобилӣ гаштаанд. Умед, як ҷавони дигар мегӯяд, рафиқаш тариқи телефон ба садои духтаре ошиқ шудааст, вале дидори аввалини онҳо ҳамчунин дидори охирин будааст.

"Рӯзе рафиқам сахт гирифт, ки ба як ноҳия меравем. Гуфт бо як духтаре, ки дар телефон шинос шудааст, ваъдаи дидор додааст. Пул сарф карда рафтем. Ман аз дур нигоҳ кардам, ки ӯ зуд баргашт ва гуфт, ки рафтем. Дар роҳ ба ӯ занг мезад, вале намебардошт. Гуфт, ки аз омаданаш пушаймон шудааст, зеро духтари бечора чӣ нуқсе доштааст ва фақат садояш зебо будааст",-гуфт ӯ.

Гулрӯ, як ҷавонзани дигар мегӯяд, дар аксар маврид ҷавондухтарон бо ҳамин роҳ ба доми фиреб меафтанд. Ба назари ӯ, набояд ҷавондухтарон ба ҳар рақами ношинос посух гӯянд.

Ин ҷавонзан афзуд: "Як наздикамро медонам, ки бо телефон бо як бача шинос шуд. Аз наздик диданд. Бача бад набуд. Тӯй карданд, вале баъдтар маълум шуд, ки ин писар бори сеюм тӯй мекардааст ва безуриёт будааст. То наздикон фаҳмиданд, ки аллакай дер шуда буд. Умуман, ба фикри ман, ин телефон як доми фиреб аст. Он писароне телефонбозӣ мекунанд, ки аз наздик онҳоро касе нагирифтааст. Бояд духтарон донанд, ки ҳеҷ гоҳ ҷавони сиҳҳат дар телефон зан намекобад."

"ИН ТЕЛЕФОН НЕ, ЯК ЧИЗИ ФАҲШ ШУД"

Аксари волидайн аз чунин шиносоии ҷавонон тариқи телефонҳои мобилӣ огоҳанд, аз ин рӯ онҳо талош мекунанд, то ҳадди имкон духтар ё писарашон ба телефонии мобилӣ дастрасӣ надошта бошанд. Қадам Латипов, як марди миёнасол мегӯяд, ба ҳеҷ ваҷҳ ба фарзандони ноболиғаш иҷозат намедиҳад, то аз телефони мобилӣ истифода кунанд.

Вай ҳангоми сӯҳбат бо асабонӣ гуфт: "Ин телефон не, ин як чизи фаҳш аст. Ҷавононро "вайрон" кардааст. Духтару бачаҳои дурӯзаро мебинӣ дар даст телефон "дар куҷоӣ?", "дар куҷо вохӯрем?" гуфта дар кӯчаҳо мегарданд."

Намояндагони мақомоти интизомӣ мегӯянд, борҳо ба онҳо аз ҷониби муштариёни ширкатҳои мобилӣ шикоят мерасад, ки афроди ношинос ба телефонии мобилии онҳо занг зада, онҳоро безобита мекунанд. Ҳатто гоҳо ин зангҳои телефонӣ сабаби ҷангу хархашаҳо низ гаштааст.

ДУ СИМКОРТ БА ЯК НАФАР

Дар Тоҷикистон аз соли 2005 ба ин сӯ телефони мобилӣ дастраси умум гаштааст. Феълан, ҳар ширкати мобилие дар Тоҷикистон беш аз як миллион муштарӣ дорад, ки ба ҳисоби умумӣ ба сари ҳар сокини Тоҷикистон ду симкорт рост меояд.

Аммо то кунун оморе нест, ки чанд нафар ҷавон тариқи шиносоии телефонӣ хушбахт шудаанд ва чант тани дигар бахти худро аз даст додаанд.
XS
SM
MD
LG