Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷазо ба Тоҷикистон барои напардохтани ҳаққи узвият


Федератсиюни Байналмилалии Гимнастика, Тоҷикистонро муваққатан аз ҳаққи ширкат дар мусобиқоти байналмилалии гимнастика ва баргузории чунин мусобиқот маҳрум кардааст. Ҳамроҳ бо Тоҷикистон даҳ кишвари дигар низ бинобар напардохтани ҳаққи узвият дар ин созмон аз ширкат дар бозиҳои байналмилалӣ маҳрум шудаанд. Дар баёнияи расмии Федератсиюни Байналмилалии Гимнастика омадааст, дар сурати пардохтани ҳаққи узвият, мамнӯъиятҳо аз байн бардошта хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG