Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори раиси OSCE ба мақомоти Тоҷикистон


Аудрониус Ажубалис
Аудрониус Ажубалис
Аудрониус Ажубалис, раиси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва вазири умури хориҷаи Литва аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ба фишор ба матбуоти мустақил хотима диҳанд. Зимни боздид аз Душанбе, Аудрониус Ажубалис бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва дигар мақомоти олирутбаи кишвар мулоқот кард. Ӯ гуфт, дар ҷараёни мулоқотҳояш, масъалаи нақши фавқуллода муҳими матбуоти мустақил дар амнияти кишварро баррасӣ карда ва ҳукумати Тоҷикистонро ташвиқ кардааст, то ба хотири таҳкими рукнҳои демократия ҳамкорӣ бо матбуотро густариш диҳад. Ӯ гуфт, умедвор аст, мақомот даъвоҳои фаровони додгоҳӣ алайҳи нашрияҳову хабарнигоронро канор мегузоранд, ки ин даъвоҳо метавонанд, озодии баён дар Тоҷикистонро маҳдуд кунанд.
XS
SM
MD
LG