Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони собиқи Қирғизистон раиси ҷумҳур шудан мехоҳад


Қубатбек Байболов, додситони собиқи кулли Қирғизистон, мегӯяд, дар интихоботи тирамоҳи имсол ба ҳайси номзад ба мақоми раёсати ҷумҳур ширкат хоҳад кард. Қубатбек Байболовро, моҳи марти имсол Роза Отунбоева, раиси ҷумҳури Қирғизистон бо иттиҳоми даст доштани ҳамсари ӯ дар фасодкорӣ аз мақомаш барканор кард. Дар пайи ин Қубатбек Байболов, раиси ҷумҳур, нахуствазир ва муовини ӯро ба бесалоҳиятӣ мутаҳҳам намуд. Рӯзи интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳур дар Қирғизистонро эълом накардаанд, вале он бояд то охири имсол баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG