Пайвандҳои дастрасӣ

Тақозои ҷавонони қазоқистонӣ аз Барак Обама


Ҳудуди 20 тан аз ҷавонони фаъоли қазоқ дирӯз дар баробари консулгарии Амрико дар шаҳри Алмаато ҷамъ омада ва хостори ба ҷавобгарӣ кашида шудани масъулони марги як шаҳрванди Қазоқистон шуданд, ки дар тирандозии пулис дар Амрико моҳи гузашта кушта шуд. Ин ҷавонон як номаеро ба дипломатҳои Амрико супурдаанд, ки дар он аз Барак Обама, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, хоста шудааст, дар барқарории адолат мусоидат кунад. Кирил Денякин, як ошпаз ва шаҳрванди Қазоқистон рӯзи 23 апрел дар як ҳодисаи тирандозӣ дар пулиси иёлати Вирҷинияи Амрико кушта шуд. Ба гуфтаи пулиси иёлат, Денякин аз дари хонае боло мешудааст, ки доир ба дуздӣ дар он хабар додаанд ва баъди тарафи пулис ҷаҳиданаш ба сӯи ӯ тир андохтаанд.
XS
SM
MD
LG