Пайвандҳои дастрасӣ

Ибтикори Ҷон Керрӣ барои эҳёи равобит бо Покистон


Дидори Ҷон Керрӣ бо Юсуфризо Гелонӣ

Дидори Ҷон Керрӣ бо Юсуфризо Гелонӣ

Сенатори амрикоӣ Ҷон Керрӣ имрӯз дар Исломобод гуфт, бо раҳбарони Покистон бар сари “силсилаи иқдомот” ба хотири ба маҷрои оддиаш пас овардани равобити ду кишвар даст ба тавофуқ ёфтааст. Керрӣ баландтарин мақоми Амрикост, ки баъд аз қатли 2 ҳафта пеши раҳбари Ал-Қоида Усома Бин Лоден дар Аббатободи Покистон аз ин кишвар дидан мекунад. Дар тӯли солҳо дар Покистон паноҳ ёфтани Бин Лоден аз як сӯ, ва бидуни огоҳ кардани мақомоти Покистон ба қатли ӯ дар дохили хоки ин кишвар иқдом кардани нирӯҳои вижаи Амрико мояи сардӣ дар равобити Вошингтону Исломобод шудааст. Сарвазири Покистон Юсуфризо Гелонӣ гуфтааст, ҳусни эътимод байни ду кишвар бояд аз нав бино шавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG