Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 4 сарбози НАТО дар ҷануби Афғонистон


НАТО мегӯяд, имрӯз 4 сарбозаш бар асари як таркиш дар ҷануби Афғонистон кушта шуданд. Нирӯҳои байналмилалии кумак ба амнияти Афғонистон ҷузъиёти ин ҳодиса ва ҳуввияти сарбозони кушташударо ифшо накардааст.
Танҳо дар моҳи май дар Афғонистон 16 сарбози хориҷӣ ҷон бохта, талафоти ҷонии нирӯҳои эътилофӣ аз аввали сол бо ин 4 нафари имрӯз кушташуда ба 167 нафар расид.
XS
SM
MD
LG