Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Страусс-Кан ба додгоҳи Ню-Йорк эҳзор шуд


Страусс -Кан дар назди дари додгоҳ

Страусс -Кан дар назди дари додгоҳ

Мудири Сандуқи байналмилалии пул (IMF) Доминик Страусс-Кан имрӯз бо иттиҳоми қасди таҷовуз ба номуси хидматгори меҳмонсаро ба додгоҳи Ню-Йорк эҳзор шуд. Пулиси Ню-Йорк Страусс-Кани 62-соларо рӯзи шанбе қабл аз парвозаш ба Порис дар фурудгоҳ боздошт кард. Пулис мегӯяд, ин хидматгор дар дидори рӯбарӯ ӯро шинохтааст. Аммо Страусс-Кан ин иттиҳомотро радд карда, қасд дорад, дар додгоҳ аз худ дифоъ кунад.
Страусс-Кан аз соли 2007 раиси IMF буда, номзади эҳтимолии ҳизби сотсиалист алайҳи Никола Саркозӣ дар интихоботи соли 2012-уми Фаронса арзёбӣ мешуд.
XS
SM
MD
LG