Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафири ИМА ҳамкории "Asia-Plus" бо Wikileaks-ро шарҳ дод


Кеннет Гросс, сафири Амрико дар Тоҷикистон

Кеннет Гросс, сафири Амрико дар Тоҷикистон

Сафири Амрико дар Тоҷикистон аз эҳтимоли рӯ задани номҳои афроди мушаххас дар номаҳои маҳрамонаи дипломатии сомонаи Wikileaks дар бораи Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард.

Кеннет Гросс, ки зимни як нишасти матбуотӣ дар Душанбе назари худро дар бораи созишномаи ширкати расонаии "Asia-Plus" ва сомонаи Wikileaks
Ҷулиан Ассанҷ дар сӯҳбат бо "Asia-Plus" гуфтааст, дар базаи маълумоти Wikileaks чанд сатҳи махфият вуҷуд дорад, аммо ба маълумоти аз ҳама махфӣ - Top Secret ҳатто худи Ассанҷ ҳам дастрасӣ надорад...
баён медошт, гуфт, ошкор шудани ном ва мӯҳтавои гуфтугӯи ҳамсӯҳбатони сафирони собиқи Амрико дар Тоҷикистон, ки эҳтимол меравад, дар номаҳои маҳрамонаи сомона ҷой доранд, ба фаъолият ва эътибори онҳо таъсири манфӣ хоҳад дошт.

Вай афзуд: "Барои ман дақиқан маълум нест, ки ин чӣ маъно дорад ва ҳамчунин ин ки созишнома ба худи "Asia-Plus" ва ҷомеаи Тоҷикистон чӣ хоҳад дод. Мо бо ҷузъиёти ин созишнома ошно нестем. Бо ин вуҷуд мо вазъро пайгирӣ мекунем. Ҳоло бо нашрия тамос нагирифтаем, зеро дар ин маврид чизеро наомӯхтаем."

Рӯзи якшанбеи гузашта ширкати расонаии "Asia-Plus"-и Тоҷикистон аз имзои созишномаи ҳамкорӣ бо Wikileaks, сомонаи пурмоҷарои маъруф дар ҷаҳон иттилоъ дод.

"МАСЪУЛИЯТИ БАЛАНД"

Марат Мамадшоев, муҳаррири ҳафтаномаи "Asia-Plus"
Бар пояи ин созишнома, нашрияи русизабони Тоҷикистон ба иттилооти махфии сомонаи Wikileaks дар бораи Тоҷикистон ва ҳамчунин ҳамсоякишварҳояш - Афғонистон, Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон дастрасӣ пайдо хоҳад кард.

Марат Мамадшоев, муҳаррири "Asia-Plus" мегӯяд, нашрия ҳангоми нашри номаҳои Wikileaks аз масъулияти баланд кор хоҳад гирифт ва номи афроди мушаххасро зикр нахоҳад кард: "Мо хеле хуб мефаҳмем, ки мулоқотҳо хусусияти махфӣ доштанд. Аз ин хотир, мо мекӯшем маҳз он депеш -номаҳои дипломатиеро нашр кунем, ки аҳамияти ҷамъиятӣ доранд. Мо дар ин номаҳо ба он суолҳое посух ҷӯем, ки ин ҷо пайдо карда наметавонем."

МАЪЛУМОТИ МАХФӢ ВА АҶИБ

Ҷулиан Ассанҷ, бунёдгузори торнамои ифшогари "Wikileaks"
Бунёдгузори Wikileaks - Ҷулиан Ассанҷ дар сӯҳбати видеоӣ ба "Asia-Plus" гуфтааст, ки номаҳои дипломатӣ ҳомили маълумоти кофии махфӣ ва аҷиб, аз ҷумла дар бораи Тоҷикистон ҳастанд. Аммо ба гуфтаи вай, ин номаҳо асли воқеиятҳоро бозгӯӣ намекунанд ва фақат бардошти сафирони амрикоӣ аз ҳодисаҳои кишварҳои мухталиф аст.

Қаблан Wikileaks дар қатори номаҳои маҳрамонаи дипломатҳои амрикоӣ дар саросари ҷаҳон, ҳамчунин бардоштҳои сӯҳбатҳои сафирони Амрико дар Тоҷикистонро низ ба нашр расонда буд. Худ нашрияи "Asia-Plus" бар асоси маълумоти расонаҳои русӣ аз номи Wikileaks маводеро ба нашр расонд, ки дар он гӯиё сафири Амрико дар Тоҷикистон гуфтааст, президенти ояндаи ин кишвар бояд Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии ин кишвар шавад.

ВИКИЛИКС, ЗАРИФӢ ВА УЗРИ "ASIA-PLUS"


Баъдтар маълум шуд, ки Wikileaks номаеро бо чунин мӯҳтаво нашр накардааст ва "Asia-Plus" аз вазири корҳои хориҷӣ узр пурсид. Худи ҷаноби Зарифӣ як сӯҳбаташ бо сафир Ричард Ҳоуглендро таъйид кард, аммо мӯҳтавои онро "фантазияҳои сафир" номид.

Дар як номаи маҳрамонаи дигар аз ихтилофоти назари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо мақомоти Русия сухан меравад, ки дар ин маврид вокунише аз сӯи Тоҷикистон нашуд. Аммо Абдулло Назаров, собиқ муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон сӯҳбаташ бо сафири амрикоӣ ва мӯҳтавои онро, ки ба муборизаҳо алайҳи терроризм дар Тоҷикистон рабт дошт, таъйид кард.

ЭЪТИРОФИ НАЗАРОВ ВА "ШӮХӢ"-ҲОИ КАБИРӢ

Баъд аз кушта шудани Усома ибни Лодан, террористи №1-и ҷаҳон матбуоти Ғарб аз қавли Wikileaks навиштанд, ки Назаров дар ин маврид ҳанӯз соли 2009 сӯҳбат карда буд.

Ҳамчунин, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ, баргузории сӯҳбатеро бо масъулини сафорати Амрико таъйид кард, аммо гуфт, бархе сӯҳбатҳояш "шӯхиомез" буданд. Иддае аз коршиносон нашри номаҳои маҳрамонаи сафирони амрикоӣ дар бораи Тоҷикистон ва аз сӯи як нашрияи ин кишварро амале баъид медонанд.

БА САРИ "ASIA-PLUS" ЧӢ ХОҲАД ОМАД?

Зеро ба қавли онҳо, он чӣ ба сари Ҷулиан Ассанҷ дар Аврупои демократӣ омад, ба навҳае бадтар ба сари "Asia-Plus" дар Тоҷикистони, аз нигоҳи ғарбиён, "ноозод" хоҳад омад. Ва ҳам ба равобити ду кишвари ҳамкор низ латма ворид хоҳад кард, ки ин дар беэътимодии ҷониби Тоҷикистон ба сафорати Амрико дар ин кишвар хоҳад овард.

Зафар Абдуллоев
Аммо Зафар Абдуллоев, коршиноси тоҷик мегӯяд, заминае барои нигаронӣ вуҷуд надорад: "Ман бо базаи маълумоте, ки "Asia-Plus" дорад, пурра ошно ҳастам. Ба назарам, он ҷо ягон маълумоти ҳангомавие нест, ки тавонад вазъи сиёсии Тоҷикистонро ноамн кунад ё тағйир диҳад. Инҳо аслан баррасиҳои сафирони собиқ ва имрӯз - Кеннет Гросс ҳастанд, ки дар пояи мулоқот бо намояндагони ҳукумату аҳзоб, расонаҳо ва ҳам таҳлили матолиби манбаъҳои бози Тоҷикистон навишта шудаанд. Он ҷо ягон ҳуҷҷати воқеӣ нест, балки назарҳои одамон аст. Ба назарам, ҳукумати Тоҷикистон ба ин матолиб муносибати дуруст хоҳад дошт ва боз собит хоҳад кард, ки Тоҷикистон дар қиёс бо кишварҳои ҳамсояаш кишвари озодтар аст."

"ЧӮҶАРО ДАР ТИРАМОҲ МЕШУМОРАНД"

Дар зимн, ба қавли Марат Мамадшоев, Ҷулиан Ассанҷ дар сӯҳбат бо "Asia-Plus" гуфтааст, дар базаи маълумоти Wikileaks чанд сатҳи махфият вуҷуд дорад, аммо ба маълумоти аз ҳама махфӣ - Top Secret ҳатто худи Ассанҷ ҳам дастрасӣ надорад.

Бо ин вуҷуд, коршиносон бо ишора ба мақоли "чӯҷаро дар тирамоҳ мешуморанд", мегӯянд, то нашр шудани матолиби Wikileaks дар "Asia-Plus", аввалин ҳамкори сомонаи баҳсбарангез дар Осиёи Марказӣ, дар бораи кайфияти ин мавод ва паёмадҳои эҳтимолиаш сӯҳбат кардан бармаҳал аст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG