Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости ҳукми ҳабси Қаззофӣ аз додгоҳи Ҳейг


Морено-Окампо
Морено-Окампо
Додситони кулли додгоҳи байналмилалии Ҳейг имрӯз аз қозиёни ин додгоҳ судури ҳукми боздошти ҳокими Либия Муаммар Қаззофӣ бо иттиҳоми ҷиноёт алайҳи башариятро дархост кард. Луис Морено-Окампои аргентинӣ аз додгоҳи Ҳейг судури ҳукми ҳабси писари Қаззофӣ Сайфулислом ва додарарӯси ӯ - раҳбари хадамоти иктишофии Либия Абдуллоҳ Санусиро низ хостааст.
Морено-Окампо дар нишасти матбуотиаш гуфт, “шавоҳид ҳокист, ки Муаммар Қаззофӣ шахсан фармони ҳамлаҳо алайҳи мардуми бегуноҳи мулкиро медод.» Ӯ афзуд: “Нирӯҳои ӯ ба мардуми мулкӣ чӣ дар манзилашон ва чӣ дар маконҳои ҷамъиятӣ ҳуҷум карда, болои тазоҳургарон аз силоҳи ҷангӣ оташ мекушоданд, алайҳи аҳли маросими дафн аз силоҳҳои сақил истифода бурда, снайперҳоро гузошта буданд, то онҳоеро, ки баъд аз адои намоз аз масҷид берун мешуданд, бикушанд.”
Морено-Окампо гуфт, Сайфулислом Қаззофӣ ва Абдуллоҳ Санусӣ низ ба таҳияву судури фармони ҳамлаҳо алайҳи чирикиҳо, ки мардуми мулкиро ҳам дониста ба ҳадаф дошт, айбдор мешаванд. Шӯрои Амнияти СММ ҳанӯз дар оғози ошӯбҳои Либия дар моҳи феврал ба Морено-Окампо салоҳият дод, то мавориди ҷинояти ҷанг дар Либияро таҳқиқ кунад. Акнун ҳайъати сегонаи қозиёни додгоҳи Ҳейг ҷиҳати судури ҳукми байналмилалии боздошти ин се раҳбари Либия тасмим мегирад. Тайи 4 моҳи эътирозҳо алайҳи 42 соли ҳукумати Қаззофӣ дар Либия ҳазорон нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG