Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон ҳамлаи Карочиро бар дӯш гирифт


Таҳрики Толибони Покистон масъулияти қатли дипломати Арабистони Саудӣ дар шаҳри Карочиро бар дӯш гирифт. Сухангӯи Толибон аз як макони ношинос ба Ройтерс гуфтааст, чунин ҳамалот “то замони аз сӯи Амрико қатъ шудани таъқиби Ал-Қоида ва ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишин” идома хоҳад ёфт. Иқбол Маҳмуд, раҳбари пулиси Карочӣ гуфт, ин дипломат субҳи имрӯз аз сӯи силоҳбадастони мотосиклсавор кушта шуд: "Мотосиклсаворон сӯи мошини онҳо оташ кушоданд. Ин мақом 4 тир хӯрд ва дар ҷояш кушта шуд.”
Сафорати Саудӣ гуфт, Ҳасан Қаҳтонӣ дар консулгарии Саудӣ дар Карочӣ кор мекард. Ду рӯз пеш ҳам ба консулгарии Саудия дар Карочӣ ду хумпора андохта буданд. Мақомот мегӯянд, то куҷо ба қатли ду ҳафта пеши раҳбари Ал-Қоида Усома Бин Лоден дар Аббатободи Покистон рабт доштани ин ду ҳамларо таҳқиқ мекунанд. Ал-Қоида савганд хӯрдааст, ки интиқоми қатли раҳбарашро хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG