Пайвандҳои дастрасӣ

Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон 1,5 миллиард $ шудааст


ТАЛКО - манбаъи аслии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон

ТАЛКО - манбаъи аслии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон

Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар 4 моҳи аввали соли ҷорӣ назар ба айни давраи соли гузашта 31,6 дарсад афзуда, 1 миллиарду 495,3 миллион долларро ташкил додааст. Аммо Ожонси омори Тоҷикистон мегӯяд, таносуби байни содирот ва воридоти кишвар ба маблағи 478 миллион доллар манфӣ боқӣ мемонад. Содироти Тоҷикистон дар 4 моҳи аввали сол 508 миллион ва воридоташ 987 миллион доллар шудааст.
70 дарсади тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо 5 кишвар – Русияву Чин, Туркияву Қазоқистон ва Эрон- сурат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG