Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози расмии Токио ба сафари Иванов ба Курил


Иванов дар Охотск дар роҳ ба сӯи Курил
Иванов дар Охотск дар роҳ ба сӯи Курил
Ҷопон имрӯз дар робита ба сафари муовини сарвазири Русия ба ҷазираҳои баҳсии Курил расман эътироз овард. Вазири хориҷаи Ҷопон Такеакӣ Матсумото бо изҳори «таассуф» сафири Русия Михаил Белийро ба нишони эътироз ба ҳузур хондааст.
Матсумото ба Белий гуфтааст, чунин боздидҳо бо мавзеъи Ҷопон дар таноқуз аст ва Маскав бояд ин таҷрубаро қатъ кунад.
Дирӯз муовини сарвазири Русия Сергей Иванов ва чанд вазири дигар аз ҷазираҳои Курил дидан карданд. Ба дунболи боздиди раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев аз Курил дар моҳи ноябр сафари мақомоти рус ба ин манотиқ афзуд. Ба маҳзи баҳси ин ҷазираҳо, ки Маскав баъд аз ҷанги дуввуми ҷаҳон ба қаламрави худ даровардааст, байни Ҷопону Русия то ҳол паймони расмии сулҳу дӯстӣ имзо нашудааст.
XS
SM
MD
LG