Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Страусс-Кан имрӯз ба додгоҳ эҳзор хоҳад шуд


Страусс-Кан

Страусс-Кан

Мудири Сандуқи байналмилалии пул (IMF) Доминик Страусс-Кан имрӯз бо иттиҳоми қасди таҷовузи ҷинсӣ нисбат ба хидматгори меҳмонсаро бояд ба додгоҳи Ню-Йорк эҳзор шавад. Пулиси Ню-Йорк Страусс-Кани 62-соларо рӯзи шанбе аз фурудгоҳи Ҷон Кеннедӣ қабл аз парвозаш ба Порис боздошт кард. Пулис мегӯяд, ин хидматгор дар дидори рӯбарӯ ӯро шинохт ва мудири IMF ба амали ҷиноии шаҳвонӣ, қасди таҷовуз ба номус ва боздошти ғайриқонунӣ айбдор мешавад. Кан ин иттиҳомро радд мекунад. Вакили мудофеъ Вилям Тейлор гуфт, қарор буд, додгоҳ дирӯз доир шавад, вале ба хотири анҷоми таҳқиқоти тиббӣ ба таъхир гузошта шуд: “Муваккили мо имшаб бо дархости ҳукумат таҳти таҳқиқоти тиббӣ қарор гирифт. Ӯ хаста шудааст, вале ҳолаш хуб аст.”
Страус-Кан соли 2007 раиси IMF таъйин шуд ва номзади эҳтимолии ҳизби сотсиалист дар муқобили Никола Саркозӣ дар интихоботи соли 2012-уми раёсатҷумҳурии Фаронса арзёбӣ мешуд.
XS
SM
MD
LG