Пайвандҳои дастрасӣ

Бино ба натоиҷи расмии шумориши оро, дар интихоботи миёндавраии парлумонӣ дар ҳавзаи Синои Душанбе дабири Шӯрои Амният Амирқул Азимов баранда шудааст. Абдураҳмон Абдуманнонов, дабири Куммиссиюни марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) ба Радиои Озодӣ гуфт, рақиби аслии Азимов – сардабири ҳафтаномаи мустақили «Миллат» Толибшоҳ Саидзода зери 16 дарсад райъ гирифтааст. Аммо ситоди Саидзода бо таъкид ба тақаллуби фаровон мегӯяд, натоиҷи эълоншударо намепазирад. Азимови 63-сола дар Маҷлиси намояндагон Шермуҳаммади Шоҳиёнро, ки ахиран раиси КМИРТ таъйин шуд, хоҳад нишаст.
XS
SM
MD
LG