Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарнигори тоҷик ба "қаллобӣ" муттаҳам мешавад


Алиҷони Муҳаммад, узви Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон бо қарори Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст. Дар ин бора ба "Озодӣ" вакили дифои ӯ, Нурулло Каримов, хабар дод ва гуфт, ин хабарнигори тоҷик ду рӯз боз дар боздоштгоҳи муваққат ба сар мебарад. Дар ҳамин ҳол, баъзе аз афроди наздик ба Алиҷони Муҳаммад аз эълони гуруснанишинии ӯ дар боздоштгоҳ иттилоъ медиҳанд. Вале вакили дифоъ Нурулло Каримов гуфт, дар ин бора хабари дақиқ надорад ва пас аз дидор бо зерҳимояташ дар ин бора сӯҳбат хоҳад кард. Ҳанӯз дар моҳи марти соли ҷорӣ додситонӣ алайҳи Алиҷони Муҳаммад дар асоси моддаи марбут ба "қаллобӣ" парвандаи ҷиноӣ боз карда буд. Ин парванда ба фаъолияти хабарнигории Алиҷони Муҳаммад рабт надошта, идомаи баҳси харидуфурӯши як манзили истиқоматӣ будааст. Алиҷони Муҳаммад 45 сол дошта, аз соли 2000 узви Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон аст. Вай чанд соли пеш раҳбарии Созмони байналмилалии "Вароруд"-ро ба ӯҳда дошт.
XS
SM
MD
LG