Пайвандҳои дастрасӣ

Ситоди интихоботии довталаби мустақил Толибшоҳи Сайидзода, интихоботи ҳавзаи Синоро баргузорнашуда ҳисобид.

Дар ҳоле, ки мақомот аз ширкати тақрибан 80 дарсад аз 70 ҳазор раъйдиҳанда дар интихобот сӯҳбат мекунанд, ситоди интихоботии оқои Сайидзода бо такя ба гузоришҳои нозирони худ дар қитъаҳои раъйдиҳӣ, аз ҳузури ниҳоят камранги мардум хабар медиҳад.

Бар пояи ҳисобҳои нозирони ҷаноби Сайидзода, дар қитъаҳои раъйдиҳии ҳавзаи интихоботии Сино мизони иштироки интихобкунандагон ҳудуди 17-20 дарсад будааст, ки дар ин сурат интихобот баргузорнашуда ҳисоб меёбад.
Ба гуфтаи онҳо, дар баъзе аз маҳаллаҳо ҳатто обу барқро қатъ намудаанд, то мардум ба ҳавзаҳои интихоботӣ ҳозир шаванд...


Ҳамчунин раиси ҳавзаи интихоботии Сино, Абдулло Ҳабибов, дар ҳоле натоиҷи ба дастовардаи Толибшоҳи Сайидзодаро 15.99 дарсад эълон кард, ки бино ба иттилои ироакардаи комиссияҳои қитъавӣ, ки шоми дирӯз ба дасти нозирони номзади мазкур расид, раъйи ба дастовардаи ӯ ҳудуди 25 дарсадро ташкил медиҳад.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИР) шоми рӯзи 15-уми майи соли ҷорӣ интихоботи миёндаврии вакили Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи Синои шаҳри Душанберо баргузоршуда эълон кард.



Намояндагони ситоди интихоботии Толибшоҳи Сайидзода ба "Озодӣ" гуфтанд, ки дар интихоботи рӯзи 15-уми май, мавориди густурдаи тақаллуб, аз ҷумлаи раъй додани як кас ба ҷои чанд нафар, кӯшишҳои чанд дафъа раъй додан, мавориди овоз додан бидуни шиноснома ва фишори мақомот ба назар расидааст.

Ба қавли баъзе аз нозирон, намояндагони мақомоти маҳаллӣ ба манфиати номзади ҲХДТ аз ҳар васила кор мегирифтанд. Ба гуфтаи онҳо, дар баъзе аз маҳаллаҳо ҳатто обу барқро қатъ намудаанд, то мардум ба ҳавзаҳои интихоботӣ ҳозир шаванд. Аз ҷониби дигар, ҳатто кормандони биноҳое, ки қитъаи раъй дар он ҷо воқеъ будааст, ба раъйдиҳандаҳо таъсир мекардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG