Пайвандҳои дастрасӣ

Амирқул Азимов барандаи интихоботи ҳавзаи Сино


Амирқул Азимов

Амирқул Азимов

Дар интихоботи миёндаврии парлумонӣ дар ҳавзаи Сино дабири Шӯрои амният, Амирқул Азимов, пирӯз шудааст.

Номзадии Амирқул Азимов, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон, дар интихоботи миёндаврии ҳавзаи Сино аз тарафи Ҳизби халқӣ-демократӣ пешниҳод шуда буд.
Танҳо ду дарсади интихобкунандагон алайҳи чаҳор номзад ба вакилии Маҷлиси Намояндагон овоз додаанд...


Акнун Азимови 63-сола дар Маҷлиси намояндагон Шермуҳаммади Шоҳиёнро, ки ахиран раиси КМИРТ таъйин шуд, иваз мекунад.

Абдураҳмон Абдуманнонов, дабири Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин интихоботи миёндаврии ҳавзаи Сино беш аз 81 дарсади раъйдиҳандагон иштирок карда, 62 дарсади онҳо ба ҷонибдорӣ аз Амирқул Азимов раъй додаанд.



Рақиби аслии Азимов – муҳаррири ҳафтаномаи мустақили "Миллат" Толибшоҳи Сайидзода зери 16 дарсад раъй гирифтааст. Аммо ситоди Сайидзода бо таъкид ба тақаллуби фаровон мегӯяд, натоиҷи эълоншударо намепазирад.

Бино ба иттилои Комиссияи марказии интихобот, Сафарбек Маннонов, муовини сарпизишки беморхонаи Қарияи Боло 9,16 ва Музаффар Мирзоев, намояндаи Ҳизби аграрии Тоҷикистон 7,6 дарсади раъйи интихобкунандагонро ба даст овардаанд. Ду дарсади интихобкунандагон алайҳи ин чаҳор номзад овоз додаанд.

Абдураҳмон Абдуманнонов мегӯяд, интихоботи миёндаврӣ дар аҳвзаи Синоро, ки рӯзи якшанбеи 15-уми май баргузор шуд, ду нозири байналмилалӣ ва беш аз 100 нозири маҳаллӣ назорат кардаанд.

Ҷаноби Абдураҳмонов гуфт, аз тарафи нозирон, ки ҷараёни интихоботро назорат мекарданд, шикоятҳо ба унвони Комиссияи марказии интихобот ва ҳавзаи интихоботии Сино ворид ворид шудааст.

Ин масъули КМИР гуфт, онҳо бештари шикоятҳоро мавриди таҳқиқ қарор додаанд. "Ҳамаи мавридҳо таҳқиқ карда шуданд. Санадҳои расмӣ низ тартиб дода шуданд. Шикоятҳо буд. Аммо тақрибан ҳамаашон тасдиқи худро наёфтанд", -илова кард ӯ.

Интихоботи миёндаврӣ дар ҳавзаи Сино ба дунболи қатъи зудраси фаъолити вакили ин ҳавза дар парлумон Шермуҳаммади Шоҳиён баргузор шуд. Шермуҳаммади Шоҳиён, вакили пешини ноҳияи Сино дар парлумони кишвар ҳамакнун раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон аст.

ИНТИХОБОТИ ҲАВЗАИ СИНО: НАЗАРҲО, АКСҲО ВА ШИКОЯТҲО

Интихоботи миёндавраӣ дар ҳавзаи "доғ"-и Сино

КМИР интихобот дар ҳавзаи Синоро баргузоршуда ҳисобид

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG