Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли 12 тазоҳургари тарафдори фаластиниён


Нерӯҳои исроилӣ ба сӯи гурӯҳҳои тазоҳургарон дар манотиқи марзии сарзаминҳои фаластиниён бо Сурия ва Лубнон оташ кушода, дасти кам 12 нафарро кушта ва даҳҳо тани дигарро захмӣ кардаанд. Ба гуфтаи мақомоти Исроил, дар як ҳодиса даҳҳо нафар аз тарафдорони фаластиниён аз Сурия ба баландиҳои Голан ворид шудаанд. Ҳамчунин пулиси Ӯрдун дирӯз барои пароканда кардани тазоҳуроти тарафдорони фаластиниён дар шаҳри Уммон аз гази ашковар истифода кард. Хушунатҳо дар рӯзи шастусавумин солгарди таъсиси Исроил дар соли 1948 ба вуқӯъ пайваст, ки фаластиниён онро ба унвони “рӯзи мусибат” ёд мекунанд. Дар он замон даҳҳо ҳазор нафар аз фаластиниён беҷо шуданд.
XS
SM
MD
LG