Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба Ҷопон


Ҳукумати Тоҷикистон ба Ҷопон, ки моҳи март шоҳиди заминларза ва сунамии вайронгаре шуд, 1 миллион йен, баробари 120 ҳазор доллари амрикоӣ кӯмаки башардӯстона кардааст. Вазорати умури хориҷаи Ҷопон бо нашри баёнияе гуфтааст, ҳукумати Ҷопон аз ҳамдарди ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ва кӯмаки онҳо ибрози қадрдонӣ мекунад. Заминларза ва сунамии моҳи март дар шимолушарқи Ҷопон бештар аз 15 ҳазор нафарро кушт ва манотиқи васеъеро вайрону валангор кард.
XS
SM
MD
LG