Пайвандҳои дастрасӣ

Натиҷаҳои интихоботи ҳавзаи Синоро эълом мекунанд


Қарор аст, имрӯз Кумиссиёни Марказии Интихоботии Тоҷикистон натиҷаҳои интихоботи миёндавраии порлумонӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанберо эълом кунад. Барои соҳиб шудан ба мақоми намояндаи мардуми ин ноҳия чаҳор нафар, Амирқул Азимов, дабири собиқи Шӯрои Амнияти Миллии Тоҷикистон, намояндаи ҳизби ҳокими Халқии Демократӣ, Музаффар Мирзоев, аз Ҳизби аграрӣ, ва Толибшо Сайидзода, муҳаррири нашрияи Миллат, Сафарбек Маннонов, муовини Маркази миллии тиббии Тоҷикистон рақобат карданд. Ба гуфтаи мақомот, дар интихобот бештар аз 77 дар сади раъйдиҳандагон ширкат кардаанд.
XS
SM
MD
LG