Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси ОБСЕ ба Тоҷикистон омад


Аудрониус Ажубалис

Аудрониус Ажубалис

Аудрониус Ажубалис, раиси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва вазири умури хориҷии Литва ба хотири баррасии шеваҳои беҳтари кӯмак ба Тоҷикистон ба Душанбе омадааст. Аз дафтари САҲА дар Душанбе ба "Озодӣ" гуфтанд, ки дар ҷараёни боздиди дурӯза, Аудрониус Ажубалис бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷа ва Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон гуфтӯгу хоҳад кард. Аудрониус Ажубалис ҳамчунин бо намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва ҷомеаи мадании Тоҷикистон мулоқот хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG