Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аҳмадинажод: "Хоманаӣ барои ман мисли падар аст"


Маҳмуди Аҳмадинажод бо Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ дар моҳи августи соли 2010.

Маҳмуди Аҳмадинажод бо Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ дар моҳи августи соли 2010.

Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон сару садоҳо доир ба вуҷуди ихтилофи назар бо Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эронро рад кард. Аммо дар мусоҳиба бо телевизиони давлатӣ, ӯ ба мояи аслии ихтилофи назар, яъне, аз мақомаш барканор кардани Ҳайдар Муслиҳӣ, вазири иттилоъоти Эрон, ки дигарбора аз тарафи Оятуллоҳ Хоманаӣ ба мақомаш барқарор шуд, ишорае накард. Маҳмуди Аҳмадинажод гуфт, “Хоманаӣ барои ӯ мисли падар аст”. Дар низомии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳарфи ниҳоӣ дар умури муҳими давлатӣ на аз раиси ҷумҳур, балки аз раҳбари олии рӯҳонии кишвар аст.
XS
SM
MD
LG