Пайвандҳои дастрасӣ

Саркӯби тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар Марокаш


Шоҳидони айнӣ мегӯянд, нерӯҳои амниятӣ тазоҳуроти тарафдорони демократияро дар канораи Работ, пойтахти Марокаш пароканда кардаанд. Тазоҳуротро ҷунбиши зиддиҳукуматии «20-и феврал» дар маҳалле баргузор кард, ки гуфта мешавад, он ҷо маҳбаси махфии ҳукумат мавҷуд аст ва мехоҳад, таваҷҷӯҳро ба ин ҷо ҷалб намояд. Бархе аз созмонҳои байнумилалӣ, ба монанди Дидбони ҳуқуқи башар ва Афви Байнулмилал низ ба мавҷудияти чунин маҳбас ишора кардаанд. Мақомоти давлат баргузории тазоҳуротро манъ ва як ҷамъомади дигари оммавиро лағв карданд.
XS
SM
MD
LG