Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ҳавзаи Сино 77%-и интихобкунандагон раъй додаанд


Комиссюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) интихоботи миёндаврии вакили Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи Синои шаҳри Душанберо баргузоршуда эълон кард. Котиби кумиссюн, Абдуманнони Абдураҳмон гуфт, ки то соати 20-и рӯзи якшанбе, 15-уми май, беш аз 77 дарсади 70 000 раъйдиҳанда дар интихобот иштирок кардаанд. Ин дар ҳолест, ки ситоди интихоботии номзад Толибшоҳи Сайидзода ширкати мардум дар овоздиҳиро ба маротиб камтар медонад ва бархе аз нозирон шоҳиди хилофкориҳо, ба монанди раъй додан ба ҷои чанд нафар ва таблиғ дар рӯзи раъйдиҳӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG