Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати 4 фаластинӣ аз тарафи исроилиҳо дар Рӯзи Накба


Нерӯҳои Исроил бо тазоҳуркунандагони фаластинӣ дар тӯли ду марзи кишвари худ даргир шуда, ба камияш чаҳор нафарро куштанд ва даҳҳо танро захмӣ карданд. Матбуоти Исроил хабар дод, ки чаҳор паноҳандаи фаластинӣ ҳангоми талоши вуруд аз Сурия ба Баландиҳои Ҷолон, ки дар ишғоли Исроиланд, кушта шудаанд. Ва зиёда аз 10 нафари дигар замоне захмӣ шуданд, ки нерӯҳои Исроил хостанд, тазоҳуркунандагони фаластиниро дар марз бо Лубнон ақиб ронанд. Ҳарду тазоҳурот дар солгарди «Накба» ба амал омад. «Накба», ба маънои фоҷиа, барои таъкид ба рӯзи таъсиси Исроил дар 15-уми майи соли 1948 номгзуорӣ шуда, ҳар сол садҳо ҳазор паноҳандаи фаластинро ба иқдом таҳрик медиҳад.
XS
SM
MD
LG