Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарордоди ҳамкории "Азия-Плюс" ва WikiLeaks


Ҷулиан Ассанж
Ҷулиан Ассанж
Медиа-ҳолдинги «Азия-Плюс» бо масъулони торнамои ишфогари «Викиликс» созишномаеро ба имзо расонд, ки бино бар он «Викиликс» ба «Азия-Плюс» ҳаққи нашри барқияҳои марбут ба Тоҷикистонро тақдим намудааст. Сардабири «Азия-Плюс», Марат Мамадшоев дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ изҳор дошт, ки ин барқияҳо дар ихтиёри медиа-ҳолдинги тоҷик қарор дода шудаанд ва бо тадриҷ, пас аз омӯзиш мунташир хоҳанд гашт. Вай афзуд:

«Викиликс» чанд ҳазор депешаро ба мо равон кард ва мо ҳоло ба хазинаи маълумоти марбут ба Тоҷикистон дар «Викиликс» дастрасии бевосита дорем. Ҷулиан Ассанж борҳо гуфтааст, ки намехоҳад «Викиликс» нақши расонаро бозад, балки васоити ахбори ом низ аз ин хазина истифода кунанд.»

Дар гуфтугӯи видеотелефонӣ бо бунёдгузори «Викиликс», Ҷулиан Ассанж, журналистони «Азия-Плюс» бо дархости ҳамсӯҳбати худ дар бораи Тоҷикистон иттилоъ додаанд ва ҳам дурбини видеоро аз тиреза ба берун нигаронидаанд, то Ассанж гӯшае аз шаҳри Душанберо тамошо кунад. Таври маълум, Ассанж ҳоло айбдоршавандаи парвандаи ҷинояти ҷинсист ва дар манзили дӯсташ дар Лондон ба сар бурда, интизори ҳукми додгоҳ дар бораи истирдодаш ба Шведсия аст.
XS
SM
MD
LG