Пайвандҳои дастрасӣ

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) интихоботи миёндаврии вакили Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи Синои шаҳри Душанберо баргузоршуда эълон кард.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ котиби КМИР, Абдуманнони Абдураҳмон, хабар дод ва гуфт, ки то соати 20-и рӯзи якшанбе, 15-уми май беш аз 77 дарсад аз 70 ҳазор раъйдиҳанда дар интихобот иштирок кардаанд.
Як нозир:
Директори мактаб бо садои баланд мегуфт, ки фаромӯш накунед, дар ин ҷо Амирқул Азимов зиндагӣ кардааст...


Ин масъули Комиссияи марказии интихобот гуфт, субҳи фардо, 16-уми май натиҷаҳои расмии интихобот эълон хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки ситоди интихоботии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон, Толибшоҳи Сайидзода ширкати интихобкунандагонро дар раъйдиҳӣ ба маротиб камтар медонад.

Масъулони ин ситод мегӯянд, нозирони онҳо дар қитъаҳои раъй ҳузури сокинонро назорат кардаанд. Бар пояи ҳисобе, ки нозирони ситоди номзад Толибшоҳи Сайидзода пешниҳод кардаанд, масъулони ин ситод ҳанӯз интихоботи миёндаврӣ дар ҳавзаи Синоро баргузоршуда намеҳисобанд.

"ТАҚАЛЛУБ БУД"

Дар ҳамин ҳол, нозирони бархе аз номзадҳо дар интихоботи миёндаврии вакили Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи Сино низ аз хилофкориҳо шикоят карданд.

Дар ҳоле ки аз эҳтимоли як интихоботи беҳтар ва шаффофу одилона изҳори умедворӣ мешуд, нахустин шикоят аз тақаллубкорӣ ба Комиссияи марказии интихобот ҳамагӣ пас аз се соати оғози раъйдиҳӣ расид.

Ибодулло Оқилпур, намояндаи ситоди номзади мустақил Толибшоҳи Сайидзода гуфт, ки ҳангоми диду боздид аз қитъаҳои раъй чанд ҳолати тахаллуфкорӣ ошкор шудааст.

Вай аз ҷумла мегӯяд: "Дар яке аз қитъаҳо як нафар ба ҷои дигарон низ раъй медод. Дар қитъаи овоздиҳии воқеъ дар мактаби рақами 82, журналистҳо беш аз як соат ҳаққи истодан дар қитъаро надоранд гуфта, хабарнигоронро берун карданд. Вале вақте мо қонунро фаҳмонидем, боз журналистҳоро роҳ доданд. Директори мактаб бо садои баланд мегуфт, ки фаромӯш накунед, дар ин ҷо Амирқул Азимов зиндагӣ кардааст. Ин гуна таблиғоти якҷониба шубҳаро ба ҷараёни одилонаи раъйдиҳӣ бештар мекунад."

ҲХДТ: "ТАҚАЛЛУБ НАБУД"

Аммо нозир аз Ҳизби халқӣ-демократӣ, ки аз номзади ин ҳизб Амирқул Азимов дар қитъаи 44 пуштибонӣ мекард, гуфт, ки ҷараёни интихобот ором ва бидуни кадом қонуншиканӣ идома дорад.

"Мардум аз субҳ омада, овози худро дода истодаанд. Ягон ҳаракати ноҷо ва ё қонуншиканӣ то ҳол мушоҳида нашудааст"
,-илова кард ӯ.

Раиси Комиссияи ҳавзаи интихоботии Синои пойтахт, Абдулло Ҳабибов, мегӯяд, ки ҳамаи масъулони қитъаҳоро қатъиян ҳушдор додааст, то ба ҷараёни интихобот ҷиддӣ муносибат кунанд ва ба қонуншиканиҳо роҳ надиҳанд.

НАЗАРИ РАИСИ ҲАВЗА

Абдулло Ҳабибов, раиси ҳавзаи интихоботии Синои пойтахт
Вай гуфт: "Ҳамаи шароит ва фазо барои баргузории интихоботи шаффоф, шурӯъ аз сандуқҳои шаффофи раъй то варақаҳои раъй ва утоқҳои раъй омода карда шудааанд. Мардум шурӯъ аз соати шаши пагоҳӣ ба раъйдиҳӣ меоянд. Ин интихобот пас аз холӣ шудани як курсии Маҷлиси намояндагон сурат мегирад ва дар он чаҳор номзад мубориза доранд. Дар ҳавзаи Сино беш аз 70 ҳазор афроди қобили раъй дар 47 қитъа ба тарафдории номзади худ варақаҳоро хонапурӣ мекунанд."

Вале дар аксари қитъаҳои раъй мо нозирони ду номзади дигар Музаффар Мирзоев, намояндаи Ҳизби аграрии Тоҷикистон ва номзади мутақил Сафарбек Маннонов, муовини сарпизишки беморхонаи Қарияи Болоро надидем.

ИНТИХОБ МИЁНИ АЗИМОВ
ВА САЙИДЗОДА?


Ба сурати умум, дар ин интихобот миёни ду номзад Толибшоҳи Сайидзода, муҳаррири нашрияи "Миллат" ва Амирқул Азимов, номзади Ҳизби халқӣ-демократӣ ва дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон, муборизаи сарсахтона идома дошт.

Тақрибан аксари рӯзноманигорони тоҷик ба хотири пуштибонӣ ва ҳамраъйӣ ба ҳамкасби худ ҷаноби Саидзода дар аксари қитъаҳои раъй нозир буданд ва ҷараёни интихоботро назорат мекарданд.

Воқеан фазои раъй барои нозирон ва ҳам барои раъйдиҳандагону масъулони қитъаҳо мувофиқ буд. Утоқи раъй ва сандуқи раъй дар байни қитъаи овоздиҳӣ гузошта шуда буд ва нозирон озодона медиданд, ки мардум чӣ гуна ва бо чӣ шакл раъйи худро медиҳанд.

ИМТИҲОНИ ШОҲИЁН

Шермуҳаммади Шоҳиён, раҳбари Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон
Ба қавли баъзе аз нозирон, намояндагони Ҳизби халқӣ-демократӣ ба манфиати номзади худ аз ҳар васила кор мегирифтанд. Ба гуфтаи онҳо, ҳатто кормандони биноҳое, ки қитъаи раъй дар он ҷо воқеъ аст, ба раъйдиҳандаҳо таъсир мекарданд. Иддаое, ки нозирони ҲХДТ онро рад мекарданд.

Бино ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон то соати 16, беш аз 45 дарсади мардум раъйи худро додаанд. Натиҷаи ин интихобот тақрибан дар соати 10-и шаби рӯзи 15-уми май маълум хоҳад шуд ва имкон дорад дар рӯзи дигар аз номзади пирӯз хабар дода шавад.

Интихоботи миёндавраӣ дар ин ҳавза ба иллати қатъи зудраси ваколатҳои намояндаи он дар парлумон, Шермуҳаммади Шоҳиён, доир мегардад. Шермуҳаммади Шоҳиён, вакили пешини ноҳияи Сино дар парлумони кишвар ҳамакнун раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG