Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдор аз хуруҷи зудраси нерӯҳо аз Афғонистон


Раиси Иттифоқи собиқадорони ҷанги Афғонистон дар Русия мегӯяд, хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон сабаби хушунатҳо дар ин кишвар мешавад. Сарҳанги пешин Франтс Клинтсевич, ки дар ҷанги Шӯравӣ дар Афғонистон дар солҳои 1980 ширкат кардааст, ба хабаргузории “Ройтерз” гуфт, “ба маҳзи аз Афғонистон баромадани амрикоиҳо ва аврпуоиҳо Толибон ҳама чииро вожгун хоҳанд кард. Клинтсевич, ки ҳамчунин узви порлумони Русия мебошад, Амрикоро танқид кард, ки пеш аз оғози амалиёт дар Афғонистон дар соли 2001 таҷрибаи Русияро наомӯхтааст. Маскав ҳанӯз барои ҷанги даҳсолааш дар Афғонистон, ки то хуруҷи соли 1989 ҷони 15 000 сарбози шӯравиро фурӯ бурд, интиқод мешавад.
XS
SM
MD
LG