Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикоятҳо дар интихоботи миёндаврии ҳавзаи Сино


Нозирони бархе аз номзадҳо дар интихоботи миёндаврии вакили Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи Синои пойтахт аз хилофкориҳо шикоят карданд. Онҳо аз ҷумла раъйдиҳӣ бо чанд варақаро шоҳид шудаанд. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, то соати 12 бештар аз 23 ҳазору 700 нафар дар интихоботи миёндавраӣ дар ҳавзаи Синои шаҳри Душанбе иштирок карданд, ки 34 дарсади раъйдиҳандагонро ташкил медиҳад. Барои сабқат дар ин интихобот намояндаи Ҳизби халқӣ-демократӣ, ҳизби аграрӣ ва ду номзади мустақил сабти ном шудаанд, ки намоёнтарини онҳо Амирқул Азимов, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон ва Толибшоҳи Сайидзода, муҳаррири ҳафтаномаи мустақили "Миллат" мебошанд.
XS
SM
MD
LG