Пайвандҳои дастрасӣ

Задухӯрди нави мусулмонон ва насрониҳо дар Миср


Пизишкон мегӯянд, дар задухӯрди байни мусулмонон ва насрониҳои копт дар Қоҳира, пойтахти Миср ба камияш 50 нафар захмӣ шудаанд. Хушунатҳо замоне сар шудаанд, ки як ҷавони мусулмон бо истифода аз силоҳи автоматии шикорӣ ба намоиши нишастаи гурӯҳи насрониён зидди хушунатҳои мазҳабӣ оташ кушод ва дар бархӯрдҳои ҳафтаи гузашта 15 нафар кушта шуд. Занозаниҳои нав рӯзи шанбеи 14-уми май ба вуқӯъ пайвастаанд. Намояндаи Вазорати беҳдошти Миср, Аймон Рақиб гуфтааст, аксари захмиён аз шикасти устухон ва харошҳо азият мекашанд. Полис ва артиш бархе аз ҳамлаваронро боздошт кардаанд.
XS
SM
MD
LG