Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ғарб беларуси маҳкумшударо "маҳбуси сиёсӣ" номид


Андрей Санников

Андрей Санников

Кишварҳои Ғарб аз ҳукми додгоҳи Беларус интиқод карданд. Додгоҳ дирӯз номзади интихоботи президентӣ ва яке аз сарони мухолифи давлат, Андрей Санниковро барои ташкили тазоҳуроти пасоинтихоботӣ ба панҷ соли зиндон маҳкум намуд. Бритониё ин ҳукмро як нақзи дигари асли волоияти қонун ва Иёлоти Муттаҳида Санниковро “маҳбуси сиёсӣ” унвон карданд. Додгоҳ ҳамчунин муҳокимаи парвандаи ҳамсари Санников, журналист Ирина Халипро оғоз намудааст ва гуфта мешавад ба ӯ низ чунин ҳукм таҳдид мекунад.
XS
SM
MD
LG