Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли боз як маҳбуси фирорӣ


Ҷумъа Иброҳимов
Ҷумъа Иброҳимов
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз кушта шудани Ҷумъа Иброҳимов, як маҳбуси фирорӣ аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод. Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба “Озодӣ” гуфт, Ҷумъа Иброҳимов ва як ҳамроҳи ӯ, ки ғолибан узви Ҳаракати исломии Узбакистон будааст, аз тарафи нерӯҳои полис дар минтақаи Рашт кушта шуданд. Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон низ шоми 14-уми майи соли ҷорӣ дар ин бора хабар дода ва навори видеои кушта шудани Ҷумъа Иброҳимов ва ҳамроҳи ӯро намоиш дод. Ҷумъа Иброҳимов панҷоҳ сол дошта ва қаблан барои ташкили гурӯҳи ҷиноӣ ва таҳияи асноди қалбакӣ маҳкум ба зиндон шуда буд. Қатли Ҷумъа Иброҳимов дар ҳоле сурат гирифтааст, ки дар оғози моҳи майи соли ҷорӣ Додгоҳи олии Тоҷикистон баррасии парвандаи гурӯҳе аз маҳбусони фирориро, ки дубора боздошт шудаанд, ба поён расонд.
XS
SM
MD
LG