Пайвандҳои дастрасӣ

Даргирӣ бо 2 узви фирории гурӯҳи Мулло Абдулло


Ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтаанд, ду узви гурӯҳи Мулло Абдулло, фармондеҳи мақтули дастаи мусаллаҳро, дар кӯҳистони ноҳияи Нуробод дида, бо онҳо даргир шудаанд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи намояндагони ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон амалиёти ҷустуҷӯ ва поккорӣ дар ин минтақа идома дорад. Ёдовар мешавем, ки Мулло Абдулло ва теъдоде аз пайравони ӯ рӯзи 15-уми апрел дар ноҳияи Нуробод ҳадафи ҳамла қарор гирифта, ба ҳалокат расиданд. Аз махфигоҳи онҳо силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ мусодира шудааст.
XS
SM
MD
LG