Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси IMF ба ҷинояти ҷинсӣ айбдор мешавад


Доминик Стросс-Кан, раиси Сандуқи Байнулмилалии Пул (IMF)
Доминик Стросс-Кан, раиси Сандуқи Байнулмилалии Пул (IMF)
Додситонҳои Ню Йорк раиси Сандуқи Байнулмилалии Пул (IMF), Доминик Стросс-Канро ба ҷинояти ҷинсӣ ва талоши таҷовуз ба номуси пешхидмати меҳмонсаро айбдор карданд. Иттиҳом бар пояи шикояти хидматгузори меҳмонхонае дар Манҳаттен эълон шудааст. Стросс-Кан барои ҳар шаби иқомат дар ин меҳмонхона 3000 доллар пардохт мекардааст. Вакили раиси 62-солаи IMF ва номзади эҳтимолии раёсатҷумҳурии Фаронса гуфтааст, зерҳимояи ӯ худро бегуноҳ мешуморад. Стросс-Кан дар фурудгоҳи ба номи Кеннедии Ню Йорк, лаҳзаҳое пеш аз парвозаш ба Порис боздошт шуд. Вай қарор буд, дар Аврупо бо сарвазири Олмон, Ангела Меркел мулоқот ва рӯзи душанбе дар нишасти вазирони молияи Иттиҳоди Аврупо ширкат кунад. Дар ин нишаст масъалаи кӯмаки молӣ ба Португалия ва Юнон баррасӣ мешуд. Намояндагони IMF аз шаҳри моҷаро худдорӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG